Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурахмонов Рахматулло

Абдурахмонов Рахматулло

Абдурахмонов Рахматулло Бозорович (таваллудаш 10. 07. 1948, дехаи Муллошодии нохияи Хисор), наккоши точик, Арбоби хунари Точикистон (1998). Хатмкардаи Омузишгохи чумхуриявии рассомии Душанбе (1974) ва факултета таърихи Институти дав­латии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (гоибона, 1984).

Муаллими Омузишгохи чумхурияви рассомии ба номи М. Олимов (1974 -1980), наккоши Фонди бадеии меъмории Точикистон (1980 – 2010). Аз соли 2011 рассом – наккоши ширкати «Рухом». Абдурахмонов шогирди Рассоми халкии Точикистон М. Олимов буда, дар эхё ва инкишофи услуби кадимтарин ва мураккаби наккошии миллим точик кундал сахми калон гузоштааст.

У ба тавассути услуби кундал кору захмат, бойгарихои Точикистон (пах­та, гандум ва гайра), холатхои табиат фаслхои сол ва гайраро тасвир намудааст. Намояхои кундалии у бо накшу нигорхои гуногун аз хамдигар фарк мекунанд.

У нозукихои усули кундалро ба назар гирифта, таносуби рангхоро ба хуби риоя карда, асархои чолиб офаридааст. «Мехроб» (1974), «Бахор» (1976), «Гунча» (1977), «Бустон» (1978), «Ракси гулхо», «Бойгари», «Ситора», «Сулх» (хар чахор 1984), «Бахор» (2010, бахшида ба чашни Чалолуддини Руми), «Гулдаста» (2011), «Бустон» ва «Гулистон» (2011, илхом аз асархои Саъдии Шерози, бахшида ба чашни 20- солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон бехтарин асархои дар усули кун­дал эчодкардаи Абдурахмонов мебошанд.

Абдурахмонов тарабхонаи «Точикистон» дар шахри Владимири Федератсияи Россия (1978), мехмонхонаи «Точикистон» (1980) ва чойхона – тарабхонаи «Фарогат» (1981) дар шахри Душанбе, чойхонаи «Точикистон» дар шахри Кобул (1981), хонахои фарханги нохияхои Вахш (1985), Панч (1986), Колхозобод (1987) ва гайраро бо накшхои зебои милли оро додааст.

Асархои Абдурахмонов дар рузхои фарханги Точикистон дар чумхурихои собик Иттифоки Совети, Туркия, Франсия, Германия, Чехос­ловакия, Америка ба маърази намоиш гузошта шудаанд. Узви ИР СССР (1980) ва ИР Точикистон (1997).

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …