Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурахмонов Муин

Абдурахмонов Муин

Абдурахмонов Муин Камолович (таваллудаш 30. 11. 1933, Бухоро), акушер-гинеколог, доктори илмхои тиб (1971), профессор (1990), Аълочии тандурустии СССР. Хатмкардаи Омузишгохи тиббии шахри Сталинобод (1951) ва факултети тибби харбии До­нишкадаи давлатии тиббии шахри Куйбишеви Федератсияи Россия (1957). Духтури харби дар Чумхурии Демок­ратии Германия (1958 – 1959).

Аспиран­ти Институти тибби кишварии АИ РСС Точикистон (1959 – 1962), духтури Таваллудхонаи чумхурияви (1962 – 1967), асси­стент кафедраи муоличавии Ин­ститути давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино (1967 – 1976), саракушер-гинекологи шахри Душанбе (1976 – 1980), ассистент (1980 – 1986), дот­сент (1986 – 1990), профессор (1990 – 1998) ва мудири кафедраи акушери ва гинекологияи факултети педиатрии ДДТТ (1998 -2005). Аз соли 2005 профессор- мушовири кафедраи акушери ва гинекологияи №2-и хамин донишгох. Тадкикоти Абдурахмонов ба таъсири омилхои антропогении мухит ба фаъолияти насловари равона шудаанд.

Аввалин шуда дар шароити клиники таъсири бемориоварии хлор ва пестисидхои фосфорорганикиро дар ташаккул ва инкишофи системаи «модар – хамрохак – чанин» муайян намуд. Муаллифи 95 макола, 6 дастури методи, 7 пешниходи навоварона. Зери рохбарии у 2 нафар рисолаи доктори ва 6 нафар рисолахои номзади илмро дифоъ намудаанд. Бо ордени Дусти ва медали «Собикадори мехнат» сарфароз шудааст.

Ос.: Нейроэндокринные нарушения у деву­шек при воздействии неблагоприятных факто­ров окружающей среды. Дар мач. «Российский вестник акушер-гинеколога», т. 2, №6, М., 2002; Эпидемиологические аспекты и факторы риска развития воспалительных заболевании придат­ков матки. Изв. АН РТ, №3 (156), Д., 2006; Не­которые особенности гестациониого процесса при ожирении. Дар мач. «Вестник Авиценны». Д., 2008.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …