Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуннаби Фахруззамонии Казвини

Абдуннаби Фахруззамонии Казвини

Абдуннаби Фахруззамонии Казвини (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва адиби эрони (охири асри 16 – ибттдои асри 17). Дар зодгохаш – Казвин илмхои мутадовилаи замонашро омухт ва ба шеъру шоири дар синни камолот майлу рагбат пайдо намуд. Дар 19-солаги ба Машхад омад ва аз он чо ба Хиндустон рафт. Ба шахрхои Лохур, Кашмир сафар кардааст.

Соли 1619 дар шахри Патна ба дарбори Сардорхон Хона Ёдгор рох ёфт. Аз Абдуннаби то замони мо осори манзуму мансур боки мондааст. Дар навъхои адабии шеъри ада­биёти форс-точик-рубои, газал, касида ва гайра бо тахаллусхои «Иззати» ва «Наби» шеърхо эчод кардааст.

Яке аз мухимтарин асархои Абдуннаби тазкираи «Майхона» мебошад. Мувофики маълумоти тазкирахо Абдуннаби хофизаи хубе дошта, киссаву ривоятхои бисёри халкиро медонистааст. Ин киссаву ривоётро у дар китобе бо номи «Наводир-ул-хикоёт» (номи дигараш «Бахр-ун-наводир»; таълифаш 1632) чамъ овардааст. Ба калами у асархои мансур бо номи «Дастур-ул-фусахо», «Тироз-ул-ахбор» низ тааллук доранд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …