Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуманнонов Абдурахмон

Абдуманнонов Абдурахмон

Абдуманнонов Абдурахмон (таваллудаш 6. 4. 1947, нохияи Бустонлики Уз­бекистон), адабиётшинос, мунаккид ва тарчумони точик. Хатмкардаи УДТ (1968). Ходими илмии Институти шаркшиносии АИ РСС Точикистон (1972 – 1975), мухаррири калони илми ва мудири редаксияи таърихи Сарредаксияи илмии ЭСТ (1975 – 1978), ходими илми, муовини директори ИЗА (1979 -1991), муовини раиси ИН Точикистон (1991 -1998), мудири шуъбахои иттилоот (1998 – 2003) ва фарханги Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон (2004 – 2005), муовини аввали раиси Комитет телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон (2005 -2010).

Аз ноябри соли 2010 машгули кори эчоди. Фаъолияти Абдуманнонов чун пажухишгар аз омузиши эчодиёти Маликушшуаро Бахор ва масъалахои шеъри нави форси огоз ёфтааст. Баъдан у ба тадкики унсурхои реализм дар назми классикии форс-точик ташаккули реализм дар шеъри муосири точик, тадкики чанбахои эстетикии шеър даст задааст. Оид ба эчодиёти С. Айни, А. Лохути, П. Сулаймони, М. Турсунзода, Ч. Икроми, А. Шукухи, Ф. Ансори, Лоик, Б. Собир, Гулрухсор, Гулназар ва дигар адибони муосири точик, инчунин доир ба масъалахои тарчумаи шеъри точики ба забони руси маколахо нашр кардааст.

Китобхои «Абулкосим Лохути» (Д., 1987, хамрохи X. Отахонова ва Х. Шодикулов), «Нуктаи назар» (Д., 1990, мачмуаи маколахо), «Пиндорхо ва ангорхо» (Д., 1990, мачмуаи маколахо, очеркхо, шеърхо ва тарчумахо) аз таълифоти Абдуманонов мебошанд. Дар таълифи китоби «Таърихи адабиёти советии точик. Инкишофи жанрхо» (ч. 1, Д., 1984) иштирок кардааст. Баъзе хикояхои А. П. Чехов, асархои С. Ба­руздин «Такрори дарсхои гузашта» (1984), О. Ёкубов «Вичдон» (1984), Элчин «Ишки аввали Балададаш» (1986), Б. Василев «Субхи ин чо сокит аст» (1988), хикояхои Ю. Збанатский «Хорпушти олихиммат» (1988), намоишномаи М. Бехбуди «Падаркуш»-ро ба точики тарчума намудааст.

Корманди шоистаи Точикистон (1994). Бо орденхои Шараф (дарачаи 1; 2003) ва Дусти (2005) мукофотонида шудааст. Дорандаи мукофоти ба номи Мирзо Турсунзода (2007). Аз соли 1984 узви ИН Точикистон.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …