Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллохи 3анузи

Абдуллохи 3анузи

Абдуллохи 3анузи Бирмукли (соли таваллудаш номаълум, Маранд-1841, Теххрон), орифи машхури ахди коморияи Эрон. Дар зодгохаш сарфу нахв ва илми маони, фикху усул ва мантику каломро омухта, барои тахсил ба Исфахон рафт ва дар назди Муллоалии Нури ба омузиши хикмати илохи пардохт. Ба шахрхои Начаф, Карбало, Кум сафар карда, бо хакимону орифонн машхури замонаш шиносои пайдо намуд.

 

Вакте Фатхалишохи Кочор (хукмрониаш 1797 – 1834) Муллоалии Нуриро ба Техрон даъват кард, у ба чои худ шогирдаш Абдуллохи Занузиро ба Техрон фиристод. Абдуллохи 3анузи дар мадрасаи «Хони Марви»-и Техрон то охири умраш аз фалсафа дарс гуфтааст. Абдуллохи 3анузи асархои бисёре навиштааст, ки мухимтарини онхо «Анвори чаллия» ва «Ламаот- ул-илохия» мебошанд. У дар осори худ равияи Садруддини Шерозиро дар хикмати мутаолиха пеш гириф­та, масъалаи исолати вучуд ва исолати мохиятро тахкик намудааст.

Абдуллохи 3анузи вучудро биззот ва мохиятро билараз шуморида, мохияти хар мумкинро бо вучуди он дар чамеи маротиб муттахид медонад, ки аз чихати тахлили зехни аз аслаш чудо тасаввур мешавад. Рочеъ ба масъалаи вахдату касрат Абдуллохи 3анузи маротиби шиддату заъфро коил аст. Ба фикри у, хар чое, ки чанбаи касрат бештар бошад, чанбаи вахдат заифтар аст ва дар айни хол чихати вахдат айни чихати касрат ва чихати касрат маърузи чихати вахдат мебошад. Абдуллохи 3анузи як силсила масъалахои дигари фалсафаи мутаолихаро низ дар асархояш тахкик кардааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …