Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллохи Туси

Абдуллохи Туси

Абдуллохи Туси (соли таваллудаш но­маълум – вафоташ 1464, Шероз), шоири форс-точик. Аз чузъиёти тарчумаи холаш дар тазкирахо маълумот кам аст. Дар замони Бобур чун шоир шухрат ёфтааст. Пас аз марги Бо­бур ба Озарбойчон ва Ирок рафт. Аз он чо ба Шероз омад ва то охири умр он чо монд. Абдуллохи Туси дар доираи адабии Хирот низ маъруф будааст.

Алишери Навои дар «Мачолис-ун- нафоис» дар бораи у маълумот дода, шеърашро чаззобу дилфиреб гуфта­аст. Аз Абдуллохи Туси девоне дар худуди 1000 байт боки мондааст, ки дар он танхо газалхо фарохам омадаанд. Абдуллохи Туси дар газалхояш масалхои зиёдеро истифода кардааст. Дар ин бобат у аз хамасронаш Шукри, Рафики пайравон доштааст.

Девони Абдуллохи Туси дар Бам­бай ва Техрон ба табъ расидааст, вале ба хато онро девони Хоча Насируддини Туси гуфтаанд. Байтхои зерин намунае аз ашъори Абдуллохи Туси мебошанд:

Зихи нуши лаби лаълат хаёти човидони май,

Ба дандон мегази лабро, чи мехохи зи чони ман!

***

Маро бошед, эй хубон, Худоро,

Худоро дораму боки шуморо.

Ад.: Алишери Навои. Мачолис-ун- нафоис. Т., 1333 х. ш.; Саид Нафиси, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форси. Т., 1344 х- ш.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …