Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллохи Шабистари

Абдуллохи Шабистари

Абдуллохи Шабистари (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва донишманди форс-точик. Аз авлоди Махмуди Шабистари. Дар Самар­канд, Хирот ва Осиёи Хурд зиндагиву тахсил ва эчод кардааст. Дар илмхои таърих, ирфон, хусусан риёзиёт яке аз зубдахои даврон эътироф гардидааст.

Соли 1520 аз Самарканд ба Осиёи Хурд сафар карда, ба хидмати дарбори Султон Салим (хукмрониаш 1512 – 1520) расид. Абдуллохи Шабистари дар шеър «Ниёзи» тахаллус дошт. Дар девонаш маснави, газал, касида, рубои ва китъахои сурудааш фарохам омадаанд.

Маснавие дорад бо номи «Шамъу Парвона». «Рисола дар кавоиди муаммо» яке аз осори пажухишии Абдуллохи Шабистари мебошад. Маснавиаш мазмуни орифонатасаввуфи дорад, газалхову рубоиёташ ишки, касидахояш мадхиянд. Баъзе рубоихояш чун рубоихои халки содаву равону дилнишинанд. Абёти зерин намунае аз нигоштахои уянд:

Равон шуд махмили чонону ман хайрон аз он рафтан,

На бе у метавон будан, на бо у метавон рафтан.

Гузашт у тунду ман бар хоки рах чон меканам бе у,

На сабрн инчунин будан, на тоби ончунон рафтан.

Надидам руи чонон серу вакти чон супурдан шуд,

Дарего, коми дил нодида хохам аз чахон рафтан.

Макун нисбат ба кадди хушхироми ёр туборо,

Кучо тубо тавонад хамчу он сарви равон рафтан?

Магу, азми сафар дорад Ниёзи аз сари куяш,

Ки натвонад зи гулшан булбули бехонумон рафтан.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …