Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллохи Марворид

Абдуллохи Марворид

Абдуллохи Марворид Хоча Шихобуддин (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1516, Хирот), шоир, донишманд, мунши, мусикидон ва охангсози форс- точик. Бо тахаллусаш «Баёни» шеър менавишт. Аз шогирдони Абдуррахмони Чоми буд. Дар оилаи вазир ба дунё омада, пас аз касби камол пешаи авлоди худро идома дод. Дар дарбори Хусайн Бойкаро мухрдор, вазир, парвоначи (масъули пазирои) буд.

Абдуллохи Марворид сохиби девони ашъор (шомили касидахо, газалхо, рубоихо, китъахо) мебошад. Ба гайр аз девони ашъор мачмуаи рубоиёти худро бо номи «Муънис-ул-ахбоб» мураттаб наму­дааст. Вай инчунин маснавие дорад бо номи «Хусрав ва Ширин».

Рисолае оид ба мусики ва адвор нигоштааст. Абдуллохи Марворид дар мавзуъ ва шакли ашъор пайрави гузаштагон будааст, вале аз чихати сабк, диди шоири, тарзи нигори ва дарёфти маънихои тоза аз нодирони замон мебошад. Дар байни ахли адаб мачмуаи «Тамсилот»-и Абдуллохи Марворид хеле машхур будааст.

Китоби дигари Абдуллохи Марворид «Тарассул» ном дорад, ки дар он фармонхои хокимон, фатхномахо номахои расмии давлати, дипломати таъзияномахо, рукъахои (номахои) ашхоси маъруфи замон (Чоми, Хоча Ахрор, Хусайн Бойкаро, Алишери Навои ва дигарон) ва навиштахои худи у фарохам омадаанд. Нусхахои хаттии ин асар дар китобхонахои кишвархои Шарку Гарб хеле зиёданд.

Ин асар ба­рои омухтани хаёти сиёсию иктисоди, вазъияти байналхалки ва хаёти фархангии Хуросону Мовароуннахр, Эрон, Озарбойчон, Хиндустон вадигар кишвархо дар асри 15 арзиши баланд дорад. Як нусхаи девони Абдуллохи Марворид дар Институти дастнависхои АИ Чумхурии Узбекистон махфуз аст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …