Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллохи Кобули

Абдуллохи Кобули

Абдуллохи Кобули Ибодуллох, мутахаллис ба Гунохи (соли таваллудаш ва вафоташ номаълум), шоир ва муаррихи форсизабони Хиндустон (охири асри 16 – ибтидои асри 17). Зиндаги ва фаъолияти эчодии Абдуллохи Кобули дар Хиндустон гузаштааст. Бо максади ошнои бо хаёти мардум,  омузиши маданияту фарханги онхо ба манотики гуногуни Хиндустон, аз чумла Гучарот, Кашмир, шахрхои Лохур, Ахмадобод, Дехли ва гайра са­фар кардааст.

Абдуллохи Кобули муаллифи асаре бо номи «Тазкират-ут-таворих» ме­бошад (таълиф солхои 1582 – 1601). Ин асар, ки аз 6 боб иборат аст, ахамияти таърихи ва адаби дорад. Дар боби се­юми он оид ба 195 нафар шоир маълумоти тарчумаихоли дарч гардида, аз осорашон намунахо оварда шудааст.

Боби 6-уми «Тазкират-ут-таворих» вокеахои таърихию адабии замони муаллифро дар бар мегирад. Азбаски муаллиф худ шохиди ин вокеахову ходисахо буд, нигоштахояш ахамияти калони таърихи доранд. Ашъори Абдуллохи Кобули дар «Тазкират-ут-таворих» омадаанд, ки аксарашон хусусияти бадеи ва таърихи доранд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …