Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллохбеки Котиб

Абдуллохбеки Котиб

Абдуллохбеки Котиб (соли  таваллудаш номаълум – 1914, Бухоро), хаттот ва хушнависи точик (асри 19). Аз мирбачахои Яккабог будааст. Амир Музаффар хангоми Яккабогро зери тасарруфи худ гирифтан Абдуллохбеки Котиб ва бародари у Абдурахмонбекро ба Бухоро овард. Бародари Абдуллохбеки Котибро ба катл расонид ва худи уро хабс кард.

Хангоми дах соли дар махбас будан Абдуллохбеки Котиб ба таври худомузи хатро машк кард ва камол ёфт. Дар навиштани хати насх ба пояи Мирубайд ва дар настаълик ба Миралии Хирави расид, гарчанде ба ин ду устоди насху настаълик касе баробар нашуда буд.

Аз осори китобати у «Мусхаф» (тахти раками 2117) ва «Сурат-ул-аврод» (тахти раками 2480) дар Ганчинаи дастнависхои шаркии Институти шаркшиносии АИ Чумхурии Узбекистон махфузанд, ки бо хати нодиру зебо руйнавис шуда, дорои кимати баланди бадеи мебошанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …