Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулхамиди Котиб

Абдулхамиди Котиб

Абдулхамиди Котиб Абуголиб Абдулхамид ибни Яхё ибни Саъд (680 – 750), нависанда, котиб (дабир)-и арабизабони эронинажод. Дар огози фаъолият дар шахрхои гуногуни Ирок ба таълими кудакон машгул шудааст. Баъдан дар дево­ни халифахо Язид ибни Абдулмалик (хукмрониаш 720 – 724), Хишом ибни Аб­дулмалик (хукмрониаш 724 – 743) ва охирин халифаи умави Марвон ибни Мухаммад (хукмрониаш 744 – 750) хидмат кардааст. Дар замони Марвон Абдулхамиди Котиб сарварии девони расоилро ба ухда дошт ва яке аз мукаррабону мушовирони халифа гардид.

Абдулхамиди Котиб шахси бомаърифат, донандаи таъриху адабиёт ва забони арабиву форси буд. Абдулхамиди Котиб чун нависанда, поягузори навъи адабии тарассул дар насри араби маъруф гардидааст. Расоили навиштаи у шухрати тамом доштанд ва аксар ашхоси ба ин касб машгулбуда ба у пайрави мекарданд. Мувофики ахбори Ибни Надим мачмуи расои­ли тадвиншудаи Абдулхамиди Котиб беш аз хазор сахифаро дар бар мегирифтааст. То замони мо микдори кама расоили Абдулхамиди Котиб тавассути осори таърихиву адаби расидаанд.

Расоили бозмонда аз Абдулхамиди Котиб дар мавзуъхои сиёси, ичтимои ва шахси навишта шудаанд. Яке аз рисолахо аз чониби халифа Марвон ба писараш (валиахдаш) иншо гар­дидааст. Номаи дигар – «Рисола ила- л-куттоб» дастурест ба котибон (дабирон) оид ба нозукихои ин касб ва таъкиди донишандузи дар сохахои таърих, адабиёт ва дигар илмхо. Хашт номаи дигар аз Абдулхамиди Котиб расидааст, ки дар мавзуъхои нахйи шатранч. дар васфи бародари, оид ба шикор, оид ба хонаводаи хеш, зикри фатх, дар таваллуди фарзанд, дар бурузи як фитна ва оид ба яке аз ёгиёни хукумат навишта шудаанд.

Аз осори Абдулхамиди Котиб бармеояд, ки у аз осори адабиёти тоисломии эрони вукуфи комил доштааст ва аз он дар таълифи рисолахояш истифода бурдааст. Дар баъзе рисолахои у таъси- ри андарзномахои адабиёти пахлавй эхеос мешавад. Ба воситаи эчодиёти Абдулхамиди Котиб анъанахои адабиёти мардуми эронинажод ба насри араб гузаштаанд.

Ад.: Ибни Халл икон, Вафайот ал-аъйон ва анбоу абно-из-замон, ч-хои 1 – 8, Бейрут, 1968-1972; Фильштинский И. М., История арабской литературы, М., 1985.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …