Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулхаев Ракиб

Абдулхаев Ракиб

Абдулхаев Ракиб (таваллудаш 10. 2. 1938. дехаи Урметан, нохияи Айни), таърихнигор, доктори илми таърих (1993), профессор (1999), Арбоби илм ва техникаи Точикистон (1999). Хатм- кардаи УДТ (1961). Аспирант, ходими хурди илми, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиноси ва этнографияи ба номи Ахмади Дони­ши АИ Чумхурии Точикистон  (1962 – 1975), дотсенти кафедраи таърихи ДДСТ ба номи Мирзо 42 Турсунзода (1976 – 1979), ходими калони илми (1979 – 1988) ва мудири шуъбаи  таърихи навини (1988 – 1998) Институти таърих, бостон­шиноси ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши АИ Чумхурии Точикистон буд.

Аз соли 1999 мудири кафедраи таърихи умумии Донишгохи славянии Русияю Точикистон. Тадкикоташ ба масоили хаёти даврони шуравии мардуми точик, аз чумла баркароршавии хокимиятисовети дар болооби Зарафшон, сохтмони мадани ва пешрафти маорифи халк, рушди обёри ва корам кардани заминхои нав дар Чумхурии Точикистон бахшида шудаанд. Солхои охир ба масъалаи мухочирати мехнатии мардум таваччух намуда, дар ин бобат асару маколахои бисёре навиштааст.

Ос: Упрочение советской власти в районах верховьев Зерафшана (1918 – 1923), Д., 1970; Рамзи дустии вайроннашаванда, Д., 1982; Ча- роги маърифат. Д., 1987; Развитие ирригации и освоение новых земель в Таджикистане, Д., 1988; Таърихи мухочират дар Точикистон (сол­хои 1924 – 1941), кисми 1, Д., 2003; Таърихи мухочират дар Точикистон (солхои 1946 -1960), кисми 2, Д., Таърихи мухочират дар Точикистон (солхои 1961 – 2000), кисми 3, Д., 2008.

Ад.: Абдулхаев Ракиб Абдулхаевич (библиография), Д., 2008.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …