Абдулфаттох ибни Мулло Абдулхалили Чуйбори (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттоти точик (нимаи дуюми асри 19 – ибтидои асри 20). Зодгохаш Бухоро.
Дар навиштани чанд навъи хат, бахусус анвои хати настаълик машхур будааст ва китоби бисёреро бо хати зебову хоно китобат намудааст.
«Кимиё» ном китобе бо хати зебои у рунавис шудааст, ки аз 303 варак иборат буда, тахти раками 1561 дар Ганчинаи дастнависхои шаркии Институти шаркшиносии АИ Чумхурии Узбекистон махфуз аст.