Абдулчаббори Меъмор (соли таваллуд ва вафот номаълум), меъмор ва мусаввири точик (асри 17). Аз осори меъмории Абдулчаббори Меъмор то замони мо баъзе намунахо расидаанд.
Тархи Мадрасаи Шердори Регистони Самарканд амали у буда, солхои 1619 – 1636 бо иштироки бевоситаи меъмор бунёд ёфтааст.
Дар кошихои сафеди равоки даруни пешток номи «Усто Мулло Абдулчаббори меъмор» сабт гардидааст. Дар пештоки бино сурати одаме, ки монанди офтоб нур мепошад ва манзараи хамлаи шер ба гизол ва гурехтани он тасвир ёфтааст.