Абдулазизхон, (соли таваллудаш ва вафаташ номаълум), хони Бухоро, писари Нодирмухаммад, аз сулолаи Аштархониён. Соли 1645 бекхову феодалони аз сиёсати Нодирмухаммад норози Абдулазизхонро хони Бухоро эълон карданд. Нодирмухаммад аз Шохичахон ёри талабид. Шохичахон аз ин пешниход истифода бурда ба Балх лашкар кашид.
Соли 1647 Абдулазизхон ба мукобили Шохичахон бархост ва ачнабиёнро бартараф карда, бародараш Субхончулихонро хокими Балх таъйин намуд. Дере нагузашта бародарон барои тахт бо хамдигар мубориза сар карданд. Аз чунин шароит хонхои Хева Абулгози ва Анушахон истифода бурда, ба Бухоро хучум карданд, вале соли 1657 Абдулазизхон ба Абулгози зарбаи сахт зад.
Тохтутози Абулгозиро Ануушахон давом дод. Чанги дуру дароз барои Хева обруи Абдулазизхонро паст кард ва у мачбур шуд, ки соли 1680 тахтро ба бародараш Субхонкулихон супорад. Замони хукмронии Абдулазизхон муносибатхои дипломатию тичоратии хонии Бухоро бо Россия, Эрон ва Хиндустон ривоч ёфтанд.