ЯЪКУБОВ Охунчон (1892, Хучанд —1969, хамон чо), кандакор ва наккоши точик. Писари усто ва кандакори машхур Яъкубчон Хочикобилов (Яъкубчони Фаранги). Нозукихои санъати кандакории чуб ва мукарнасозиро аз падараш омухта, дар ш.-хои Самарканд, Фаргона, Намангон махораташро такмил додааст. Дертар бо сабаби бемори азамалхои мураккаби кандакорию наккоши даст кашида, асосан ба офаридани калламукарнасу хавзак ва нусхаи онхо машгул шудааст. Я. хамчун гулбури фанерхои сакф низ, ки дар меъмории с-хои 30 дар Точикистон маъмул буд, шухрат ёфтааст. Муддате челонгари низ кардааст. Бехтарин намунахои хунари кандакори ва наккошии Я. дар ороиши интерьери бинои Театри мазхакаи мусикии ба номи А. С. Пушкина Ленинобод зохир шудааст. Лауреати Мукофоти давлатии РСС Точ. ба номи А. Рудаки (1964).
М.Рузиев.