«ЯТИМАТ–УД–ДАХР» номи пуррааш «Ятиматуд-дахр фи махосин адл-ил-аср», тазкираи Саолиби, ки с. 1000 таълиф кардааст. Тахрири наваш 1011—17. Дар «Я.» мухити адабии а-хои 10— 11-и Миср, Шом, Ирок, Андалус, Хуросону Мовароуннахр ва г. мухтасар тавсиф гардида, аз эчодиёти намоёнтарини шоирону нависандагон намунахо оварда шудаанд. «Я.» чахор кисм дошта, хар кисм дорои бобхои зиёдест. Кисми чахорум зикри 124 олиму нависанда ва шоири арабизабони форс-точикро дар бар мегирад ва барои омузиши таърихи адабиёт сарчашмаи мухим ба шумор меравад. Дар пайравии «Я.» тазкирахои бисьёре ба вучуд омадаанд. «Я.» дар Димишк (1885—86, 1911), Кохира (1945—47; 1956—58) ва Бейрут (1979) чоп шудааст. Ба забони узбеки (1976) ва се боби кисми чорумаш ба франсави тарчума шудааст [1853—54; мутарчим шаркшиноси франсави Баробе де Менар (1826—1908)]. «Татимат -ул-ятима»-и Саолиби давоми «Я.» аст, с. 1934 дар Техрон аз чоп баромадааст.
Т. Мардонов,