ЯСНАЯ ПОЛЯНА хона музеи давлатии Л.Н. Толстой, ки дар р-ни Шекинои вил. Тула (14км дуртар аз шахри Тула) вокеъ гаштааст. С. 1921 таъсис ёфтааст. Компоекси музей хона-музей, флигел (бинои мактаби фарзандони дехконон ва редаксияи ж. «Ясная Поляна» буд). Иморати руи ли, богу бешазор ва кабри Л.Н. Толстойро дар бар мегирад. Адиб 60 соли умри хешро он чо гузаронид.
Дар хона-музей асослубайт –Китобхонаи Толстой (22 хаз. китоб), ашёи шахси, портретхои у ва хешу табораш махфузанд. Экспозицияи музеи адаби дар флигел чой дорад. Дар давраи Чанги Бузурги Ватани (1941-45) Фашистон Я.П-ро забт ва хароб карда буданд. Мохи майи 1942 музей пас аз таъмир кушода шуд. Хона-музей соли 1978 бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.