Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯМОМИ Абусаид

ЯМОМИ Абусаид

ЯМОМИ Абусаид (с. тав. номаълум— ваф. 1030, Басра), табиб ва муначчими форс-точик. Аз муосирони Ибни Сино буда, дар байни хамзамононаш бо номи «Шайхи тоифа» ва «Раиси силсила» шухрат дошт. Хаёт ва тахсилаш дар ш. Басра чараён ёфтааст. Асархои машхуртаринаш: «Шархи «Китоби масоил»-и Хусайн Ибни Исхок, «Шархи «Фусул»-и Букрот» (ду чилд), «Китоб дар муоличаи амрози хосса ва гайрихосса мувофики дар шахр. мизоч ва хар син», «Рисола дар пиндоштани илми тиб», «Рисола дар имтихони атиббо ва кайфията тамйизи байни табакоти онхо», «Рисола имитхон-ул-атиббо». Асари охирин, ки ба ахамияти макоми илми тиб, шартхои имтихони духтурон ва сифатхои онхо оид аст, дорои арзиши хосест. Дар он аз чумла сифатхои асосии тбоиб номбар шудаанд. Бино ба гуфтаи Я. А. табиб бояд некуакида, покиза, ориф, богайрат, сохиби лахчаи неку, ахлоки зебо, рахмдил бошад; дар аснои истехзо ба чахлу чахолат рох надихад; ифшои асрори мараз накунад; хангоми муолича аз касал хадди илоч наситонад.

Ад.: Султонов У.. Муосирони Абуали Ибни Сино, Д., 1980.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.