Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУСУЛАЙМОНИ МАНТИКИ

АБУСУЛАЙМОНИ МАНТИКИ

АБУСУЛАЙМОНИ МАНТИКИ Мухаммад ибни Тохир Ибни Бахроми Сичистони (912, Систон – 985, Багдод), олим, мантикшинос ва файласуфи асри 10. Рочеъ ба ахволу осори у шогирдонаш, аз чумла Абухайёни Тавхиди ва Ибни Надим иттилоъ додаанд. Дар «Ал-Фехрист» Ибни Надим дар ду маврид аз Абусулаймони Мантики ёд кардааст, вале таълимоти у тавассути Абухайёни Тавхиди то ба рузгори мо омада расидааст. Абусулаймони Мантики  дар овони чавони ба омузиши илми фикх машгул буд. Мухимтарин асари Абусулаймони Мантики   «Сивон-ул-хикмат» мебошад, ки манбаи муътабари араби дар бораи олимон, файласуфон, табибон ва дигар шахсиятхои барчастаи Юнони бостон ва донишмандону мутафаккирони машхури давраи исломи то асри 10 ме­бошад.

Асли ин китоб аз байн рафта ва он чй то ба рузгори мо расида, мунтахабе аз он мебошад, ки мураттиб ба он матолибе аз худ афзудааст. Аз он 4 дастнавис дар китобхонахои Туркия ва Британияи Кабир махфузанд. Осо­ри дигари Абусулаймони Мантики  «Макола фи камол- ил-хос би навъи инсон», «Маколот фи маротиби кувво-ул-инсон..«Ка­лом фи-л-мантик», «Рисола фи сиёсат», «Маколот фи табиат-ил-ачром- ил-улвия» ва гайра мебошанд. Абусулаймони Мантики   яке аз дурахшонтарин донишмандони ахди аввали ислом буд. Дар фалсафа Абусулаймони Мантики   равиши махсус дошт.

Зимни баррасии матолиби аклу вахи Абусулаймони Мантики  фикрхои чолиберо баён намуда, аз чумла таъкид мекунад, ки динро бояд аз фалсафа чудо кард, зеро акл чизе мебошад, ки хар кас ба андозаи тавоноии худ аз он бахра мечуяд, аммо вахи нури хамаро фарогир аст. Аз ин ру, пайгамбар фаротар аз файласуф ва охири фурутар аз паёмбар дар мартаба карор доранд. Дар ин маврид файласуф бояд аз паёмбар пайрави кунад, зеро агар акл кофи мебуд, вахйро суде набуд. Бардошти инсон аз акл низ якнавохт нахохад буд. Аз тарафи дигар, Абусулаймони Мантики  фалсафа ва арзиши онро рад намекунад ва миёни дину фалсафа чунин фарк мегузорад: фал­сафа хак аст, аммо бо шариат сару кор надорад, шариат низ хак аст, вале ба фалсафа эътиное надорад.

Пас аз овардани дигар вижагихои дину фал­сафа Абусулаймони Мантики  ба чунин натича мерасад: афроде, ки ба фалсафа машгул мешаванд, бояд назари худро аз динашон бигиранд ва ашхосе, ки ба дин шугл меварзанд, бояд аз фалсафа суд чуянд ва он чи аз шариат дар аклу раъй дур менамояд, эътироз накунанд. Абусулаймони Мантики   мутакаллимонро мавриди интикод карор медихад ва ошкоро баён месозад, ки онхо барои дифои худ ва мавриди хамла карор додани мухолифонаш даст ба лафзу ибхомхои бехосилу бепоя мезананд ва гумон мекунанд, ки таълимоти динро аз ин тарику равиши ситезгароёнаи худ гани мегардонанд. Назари Абусулаймони Мантики  дар бораи худо аз он иборат аст, ки он «мавчуд» аст ба маънии лафзии ин калима, зеро «мавчуд» дар маънии лугави (истилохи)-и он такозои мартабаи «вочид» мекунад, ки бояд бо­лотар аз рутбаи «вучуд» бошад. Акл дар идроки худо ва ихотаи у нота- вон аст ва инсон бояд танхо ба анният (хасти) ва хуввияти у муътакид бошад. Ба фикри Абусулаймони Мантики   вахдонияти худо ташбехро кабул надорад ва касе, ки бо акли солиму некуи худ ва бо ихлоси тамом ишора ба зоти худо ку­над, тавхиди илохиро ба андозаи тавоноии худ дарк кардааст.

Адабиёт: Абусулаймони Сичистони. «Сивон-ул-хикма», бо кушиши Абдурахмон Бадави, Тошкент, 1973; Доират-ул-маорифи бузурги исломи, чилди 5, Тошкент, 1372.

М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …