Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУСАИД МАХДУМ

АБУСАИД МАХДУМ

АБУСАИД МАХДУМ (соли таваллуд номаълум – вафот 1910, Самарканд), хаттот ва кишваршиноси точик, гирдоварандаи дастнависхои шарки ва осори атика. Аз оилаи мударрис. Дар Мадрасаи Тиллокории Самарканд тахсил кардааст. Аз овони чавони ба таъриху маданияти точик ва дигар халкхои Осиёи Миёна шавки зиёд дошта, хангоми тахсил дар Мадраса бисёр асархои таърихиро гирдовари ва китобат намудааст. Дертар бо шаркшиносони рус Н. И. Веселовский, В. В. Бартолд, В. Л. Вяткин, А. А. Се­мёнов шинос шуда, дар омузиши осо­ри ниёгони точикон бо онхо хамкори кардааст.

Барои Н. И. Веселов­ский асари таърихии Абутохирхоча «Сармария»-ро китобат кардааст, ки тарчумаи русии он соли 1899 ба табъ расид. Гайр аз ин барои В. В. Бартолд бисёр дастнависхои шарки, аз чумла нусхахои асари таърихии Мирхонд «Равзат-ус-сафо»-ро гирд овардааст. Барои Музейи маданияти Осиё (Мос­ква) васикахо, хуччатхои давлати, вакфномахо ва гайраро чамъ намудааст. Ба В. Л. Вяткин дар кори муайян на- мудани чойи Расадхонаи Улугбек ёри расонда, солхои 1908 – 09 дар хафриёти он иштирок кардааст.  А. Валиев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.