Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУМАНСУРИ МУВАФФАК

АБУМАНСУРИ МУВАФФАК

АБУМАНСУРИ МУВАФФАК иб­ни Алии Хирави, табиб ва дорушиноси точик (асри 11). Ном ва таълифо­ти Абумансури Муваффакро хеч як аз сохибони осори асримиёнаги зикр накардаанд. Ягона маъхазе, ки аз он метавон лахзахои хаёти Абумансури Муваффакро арзёби кард, асари у «Ал-Абния ан хакоик-ил-адвия» аст. Он аз хусуси адвияи муфрада ва хасоиси онхо бахс мекунад.

Абумансури Муваффак худ дар мукаддимаи китоб навиш­тааст, ки расоили хакимони пешин ва олимону табибонро чустучу кар­да, «дар адвияву агзияи муфрад ва… кирдори хар доруе ва манфиатхову мазарратхояш» ба тааммул нигариста, аз Букрот, Чолинус, Дискуридус, Ибни Раббани Табари, Хусайн ибни Исхок, Собит ибни Курра, Мухаммад ибни Закариёи Рози, Синон ибни Со­бит ва Мусо ибни Синон накли кавл кардааст». Асар соли 1056 таълиф ёфтааст.

Муаллиф дар он 585 навъи доруворро мавриди тадкик карор додааст. Абумансури Муваффак дар фаъолияти хеш шеваи кори пизишкони хинди ва назариёти онхоро бештар меписандидааст, зеро, ба ибораи худи вай, «дору он чо бештар аст ва акокир он чо тезтару хуштар ва химмати он мардумон ба истиксо андар хикмат болигтар аст».

Адабиёт: Абумансур Муваффаки Хирави, Ал-Абния ан-хакоик-ил-адвия. Ба кушиши Ахмада Бахманёр ва Хусайни Махбуби Ардакони, Тошкент, 1346; Доират-ул-маорифи бузурги исломи  чили 6. Тошкент. 1373; Д е х х у д о, Лугатнома, чилди 45, Тошкент, 4352; М у и н, Фарханги форси, чилдхои 5 – б, Тошкент, 1375.           А. Хасанов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.