АБУЛКОСИМ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва табиби точик (асри 16). Падараш Мавлоно Дарвеш Хусайни табиби хосаи Алишери Навои буд. Мувофики маълумоти «Музаккир-ул- ахбоб»-и Нисори Абулкосим чузъиёти илми тиб ва дигар илмхои расмии даврашро аз худ карда буд. Баробари ин Абулкосим дар шоири даст дошта, дар навъхои гуногуни адаби шеър мегуфтааст. Аз осораш намунахои кам тавассути тазкираи Нисори боки мондаанд. Абёти зерин аз уст:
Надори боварам, эй лоларухсор,
Ки гаштам дар гами ишки ту бемор.
Баски девонаам аз хачри рухи ёр имшаб,
Мекунам нолаву фарёд мани эор имшаб.
Адабиёт: Каримов У., Адабиёти точик дар асри XVI. Душанбе, 1985; хамон муаллиф, Литературно- исторические источники и основные тенденции таджикской литературы XVI века, Душанбе, 2000.
У. Каримов.