АБУЛКОСИМИ ДИНОВАРИ Абдуллох ибни Абдуррахмон (соли таваллуд номаълум – вафот 1000), шоир ва адиби араб. Аз зодгохаш Диновар (шахре дар Эрон) солхои 80 асри 10 ба Бухоро омад ва зиндагиву фаъолияташ дар хамин чо идома ёфтааст. Мувофики маълумоти сарчашмахои адабию таърихи (масалан, «Ятимат-уд-дахр»-и Саолиби) Абулкосими Диновари яке аз шуаро ва котибону коргузорони маъруфи дарбори Сомониён буд. Дар масоили гуногуни адаб беш аз 30 чилд асар навишта будааст. Дар тазкираи Саолиби ва тазкирахои дигар беш аз 90 байт аз ашъори Абулкосими Диновари фарохам омадаанд, ки онхо шеърхо дар жанри мадхия, васф, хачв, шикоят аз пири ва фарзандон, ки дар пиронсоли ба падар шафкат надоранд ва гайра мебошанд.
Васфияхои Абулкосими Диновари дар бораи себ, анор ва анвои дигари мевачот, ки дар фаро расидани Мехргон зеби хон мешаванд, китоб чун дусти вафодору мусохиби инсон басе чолибанд. Абулкосими Диновари дар ашъораш аз санъатхои бадеи – ташбех, истиора, тавсиф ва гайра истифода кардааст.
Адабиёт: Саолиби, Ятимат-уд-дахр фи махосии ахл-ал-аср, чилдхои I – 6, Бейрут, 2000. Н. Зохидов.