Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБУЛИЯ

АБУЛИЯ

АБУЛИЯ (аз юнони а-хиссачаи инкори ва bule – ирода), беиродагии ранчу- рона, заъфи ирода то тамоман гум шудани он, набудани майлу хохиш ба фаъолият.

Абулия хам дар кудакон ва хам дар калонсолон пеш аз хама нишонаи давраи аввали бемории рухи аст. Абуалия хангоми баъзе беморихои рухи (пси- хози савдовию шизофрения), зарбхурии махдуди магзи cap, бахусус кисмати пешони пайдо мешавад.

Дар холати Абулия бемор камхаракат, заиф, бегайрат, ба мухиту атрофиён беэътино гашта, майлу хохиш ва ташаббуси худро гум мекунад. Дар синни кудаки Абулия метавонад боиси cap зада­ни бемории рухи гардад. Кудаки бе­мор бе ягон сабаб канорачуи, нофаъол, парешонхотир мешавад. Чунин холатро калонсолон баъзан танбали мешуморанд, вале тадричан бемо­рии кудак аён мегардад, у ба машгулиятхои харруза ва рафикони худ шавке зохир намекунад, рузхои дароз дар чойгох бехаракат хоб меравад, харф намезанад, хатто ба нигохубини худ ахамият намедихад. Абулияро аз сустиродаги, ки дар натичаи тарбияи нодуруст ба вучуд меояд, фарк бояд кард. Муваккатан катъ кардани машгулиятхо, ба санатория рафтан ва табобати кувватбахш барои рафъи Абулия муфид аст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …