Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛХАСАНИ ПУШАНГИ

АБУЛХАСАНИ ПУШАНГИ

АБУЛХАСАНИ ПУШАНГИ Али ибни Ахмад ибни Сахл (сол ва чои таваллуд  номаълум – 959, Нишопур), ориф ва зохиди Хуросон. Аз ахли Пушанги Хирот буд. Зодгохи худро дар овони чавони тарк карда дар Нишо­пур икомат ихтиёр намуд. Хангоми дар Хирот буданаш аз Абучаъфар Мухаммад ибни Абдуррахмону Хасан Идриси Ансори ва дар Нишо­пур аз Абуусмони Хайри илми хадис омухт.

Абулхасани Пушанги дар илми тавхиду муомилот аз машоихи бузурги замони худ махсуб мешуд ва дар футувват ном бароварда буд. Дастгирии мустамандонро ба худ вочиб медонист. Хангоми дар Ирок буданаш уро ба илход муттахам карданд. Сабаби он дакикан маълум нест. Хоча Ансори дар ин маврид гуфта, ки «магар дар акида вайро хилале буда ва ё хатое дар сухан карда.» Баъди баргаштан аз Ирок дар Нишопур хонакохе барпо карда, дар он ба ибодату риёзат машгул шуд ва аз мардум канорагири кард. Дар мазори Хамдуни Кассор мадфум аст. Аз Абулхасани Пушанги таълифоте боки намондааст.

Адабиёт.: Доират-ул-маорифи бузурги исломи, чилди 5, Тошкент, 1383.      М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.