Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛХАСАНИ НУРИ

АБУЛХАСАНИ НУРИ

АБУЛХАСАНИ НУРИ Ахмад ибни Мухаммад ибни Абдуллох, мулаккаб ба «Амирулкулуб» ва «Камаруссуфия» (cоли таваллуд номаълум – вафот 907), яке аз мутасаввифони машхури форс-точик (асри 10). Бо Чунайди Багдоди низ аз наздик шинос будааст. Абулхасани Нури табъу баёни шоирона доштааст. Суллами дар «Хадоик-ут-тафсир» аз ахволи у зикр кардааст.

Баъзе суханхои Абулхасани Нури дар китобе ба унвони «Рисолату макомот-ул-кулуб» гирд омадаанд. Рисолаи мазкур бо мукаддима ва таъликот дар Бейрут нашр шудааст. Ибни Чавзи дар «Талбиси иблис» ва Ибни Таймия дар рисолаи «Ар-рад ала-л-хурайрия» акволеро ба у мансуб донистаанд, ки эътикоди уро нисбат ба хулул нишон медиханд.

Абулхасани Нури дар тасаввуф саликаи хос доштааст. Дар боби ишки илохи ба акидаи муаллифи китоби «Ал-ламаъ фи-т-тасаввуф» байни Абулхасани Нури ва факехони исломи низоъ бархоста, ба таъкиб ва тахрики Абулхасани Нури  ва хамфикрони у анчом ёфта­аст. Гулом Халил ном факех Абулхасани Нуриро барои афкори ирфониаш ба куфру зиндика айбдор намудааст. Абулхасани Нури бар хилофи баъзе намояндагони асри аввали тасаввуф гушаи узлат ихтиёр кардани суфиёнро намеписандид. Бисёр нуктахои таълимоти ирфониро равнак дода, ба мукобили таълимоти ахкомпарастонаи дини ислом баромадааст.

Аз ин ру, факсхон Абулхасани Нуриро ба куфру зиндика айбдор карда буданд. Рочеъ ба таълимоти ирфони ва каромоти у дар тазкирахои орифон маълумотхо гирд омадаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.