АБУЛФАТХИ СИЧЗИ ибни Ахмад (такрибан 954 – 1024), шохмотбоз, файласуф. муначчим ва риёзидон. Муаллифи «Китоби шатранч». Нусхаи кадимии ин асар (бештар аз 300 сахифа) соли 1313 хичри дар Бухоро рунавис шудааст, ки он холо дар Ганчинаи дастнависхои шаркии Институти шаркшиносии Академияи Илмхои Чумхурии Узбекистон махфуз аст.
Абулфатхи Сичзи дар аввали китоб акидахои фалсафию ичтимоии худро баён намуда, дар хусуси фазилатхое, ки шатранч дар асоси онхо бино ёфтааст, хикматхое, ки дар ин бозии зебо нихон аст, дар бораи одоби бози ва гайра мухтасар маълумот медихад. Абулфатхи Сичзи инсонро пуркиматтарини мавчудоти олам дониста, омухтани бозии шатранчро воситаи равшан кардани фикру зехн ва таквияти аклу дониши он мешуморад. Дар хусуси таърихи пайдоиши шатранч сухан ронда, устодон ва мукаддимони ин санъатро ном мегирад.
У дар асоси маъхазхои кадими ба чунин хулоса меояд, ки шатранч аз ихтирои хиндуён набуда, балки онро дар асри 6 ба Хиндустон аз Эрон бурда, тагйир медиханд ва дар он чо шатранчи хинди ба вучуд меояд, ки бо шашхол бози карда мешудааст. Абулфатхи Сичзи дар бораи шохмотбозони замони худ ва олияхои (гроссемейстерхои) пешин, навъхои бозии шатранч, аз чумла бози рафти бози алокаманданд, бози бо хисоби математики, дар хусуси кимати (куввати нисбии) хар мухра дар руи натъ (тахтаи шохмот) маълумот медихад. Дар асар 10 таъбия (дебют), бештар аз 250 мансуба (этюд, масъала) ва бисёр намунахои наводири шатранч оварда шудаанд, ки онхо дар 308 диаграмма акс ёфтаанд.
Дар мавзуи шохмот 96 рубои, 3 касида ва байтхои бисёр, аз чумла 179 байти Абусухайл Мухаммад ибни Алии Бадоеъ гирд оварда шудааст. Ин асари . Абулфатхи Сичзи дар Осиёи Миёна чун комуси шохмот дар тули асрхо хизмат кардааст. Кимати ин асар дар он аст, ки бештари маълумоташ дар маъхазхои кадимии араби (Сули, Ибни Надим) дида намешаванд ва дар асоси ахбори муаллифони Хуросон ва Мовароуннахр тахрир ёфта, чигунагии бозии мардумони ин нохияро равшан мекунад. Чунончи, дар хусуси Абурайхони Беруни, ки аз хамасрони уст, гуфтааст: «Хоча Хаким Абурайхон, ки дар ислом Хакиме чун у набудааст, он чи у дар арсаи шатранч сохта, ба чумлаи мардумон овардааст, некутар ва ачибтар аз он хама, ки пеш аз вай будаанд ва киссаест, ки ин аз чумлаи тилисмот аст». .
Абулфатхи Сичзи аз шархи холи худ хабар дода, мегуяд: «Ман, ки Абулфатхи Сичзиам, дар шатранч дасти тамом доштам ва аз он вакт, ки 15-сола будам, то кунун дар муддати 50 сол дар Хуросон, Ирок, Газнин ва Хиндустон бигаштам ва хеч кас надидам, ки дар ин санъат бех аз ман донист ё бо ман баробари тавонист». Маълум мегардад, ки. Абулфатхи Сичзи дар шохмотбози аз забардастони замони худ будааст. И. Рахматов.