АБУЛАББОС Маъмун ибни Маъмуни Хоразмшох (соли таваллуд номаълум – 1017 Гурганч), сеюмин фармонфармои Хоразм аз хонадони Маъмуниён. Баъд аз вафоти бародараш ба тахти салтанат нишаст. Абулаббос сиёсати созишкоронае бо Газнаро пеш гирифт ва иртиботаш бо султони Газна мустахкамтар шуд. Абулаббос дар натичаи исёни гуруххои зидди Махмуди Газнави, ки аз сиёсати Абулаббос норизо буданд, кушта шуд.
Баъд аз марги Абулаббос шуришиён бародарзодаи Абулаббос Абулхорис Мухаммад ибни Алиро ба тахт нишонданд. Ба ин тартиб хукмронии сиёсии хонадонхои махалли аз Хоразм барафтод.