Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУКОМИЛИ МИСРИ

АБУКОМИЛИ МИСРИ

АБУКОМИЛИ МИСРИ, Шучоъ ибни Аслам ибни Мухаммад ал- Хосиб ал-Мисри (такрибан 850 – 930), риёзидони маъруфи араб, ки хаёт ва фаъолияташ асосан дар шахри Кохира гузаштааст. Фаъолияти илмии Абукомили Мисри, асосан, ба илми хисоб бахшида шудааст ва аз хамин сабаб лакаби «ал- Хосиб»-ро сохиб гаштааст. Абукомили Мисри нахустин риёзидонест, ки баъд аз Му- хаммади Хоразми доир ба алчабр рисола навиштааст.

Мероси илмии Абукомили Мисри дар пешрафти илми математикаи замонаш накши муайяне гузошта, ри- солахои зеринаш дар китобхонахои гуногуни дунё махфузанд: «Китоб фи-л-чабр ва-л-мукобала» («Китоб дар чабр ва мукобала»), «Зароиф-ул- хисоб» («Тезфахмихои шумор (ариф­метика)»), «Мисаха ал-мухаммас ва- л-муъашар» («Хисобкунии панчкунча ва дахкунча»), «Ал-васойа би-л-чузур» («Васият ба воситаи решахо») ва «Китоб фи-л-чамъ ва-л-тафрик» («Китоб дар бораи чамъу тарх»). А. Комили.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …