Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУИСХОКИ КОЗАРУНИ

АБУИСХОКИ КОЗАРУНИ

АБУИСХОКИ КОЗАРУНИ Ибро­хим ибни Шахриёр (966, Козарун – 1034, хамон чо), мутафаккири мутасаввиф, мулаккаб ба Шайхи муршид. Бобояш зардушти буд, падару модараш ба ислом гаравида буданд. Ахли оилаи Абуисхоки Козаруни зиндагии факиронае дошт. Аз хурдсоли ба омузиши улуми замона пардохта, дар кудаки Куръонро аз ёд кард ва дар 15-солаги ба тасаввуф гаравид. Назди шайхи машхури замонаш Ибни Баккор тасаввуфро омухт ва дар Шероз ба самой хадис пардохт.

Бештари вакти худро ба ваъз ва нашру таълими ислом сарф мекард. Ин амали у дар Козарун, ки бештар зардуштиён зиндаги мекарданд, мушкилихои бисёре ба вучуд овард. Зардуштиён борхо ба Абуисхоки Козаруни суикасд кардана.

Абуисхоки Козаруни ба Шероз, Макка, Басра сафар карда, бо му- тафаккирону суфиён сухбат ороста,рочеъ ба масъалахои гуногуни ирфони бахс кардааст. Охири умрашро дар зодгохаш гузаронидааст. Баъди вафоти у силсилаи козаруни асрхо давом кард ва пайравонаш таълимоти Абуисхоки Козаруниро идома доданд. Абуисхоки Козаруни аз ахли риёзат буд. Доир ба бисёр масъалахои тасаввуф, аз чумла макомоту ахвол ва усули мучохадаю мукошафа, назари чолибе баён кардааст.

Фаридуддини Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё» уро хачун шахси донишманд, ягонаи ахд, шамъи анчуман ёд мекунад. Хикоёт ва риёзоташ дар китобе гирд оварда шудаанд, ки онро дар асри 14 Махмуд ибни Усмон бо номи «Фирдавс-ул- муршидия фи асрор-ис-самадия» ба форси тарчума кард. Тарчумахои ди­гари он низ мавчуданд. У. Султанов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.