Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУИБРОХИМ МУНТАСИР

АБУИБРОХИМ МУНТАСИР

АБУИБРОХИМ МУНТАСИР, машхур ба Исмоили Мунтасир (соли таваллуд  но­маълум – катл 1005, дехаи Маймург нохияи Рудбори Эрон), охирин амири сомони аз сулолаи Сомониён. Солхои 1000 – 05 хукмрони кардааст. Абуиброхим Мунтасир бародари хурдии ду амири сулолаи Сомониён – Абдулмалик ибни Нух ва Мансур ибни Нух аст.

Баъди он ки соли 1000 Эликхон амири сомони Абдулмаликро аз аморати Бухоро маъзул намуд, тамоми хонаводаи уро асир гирифт, аммо Абуиброхим Мунтасир  аз хабс фирор карда, махфиёна ба Хоразм рафт ва он чо сарварон ва сипохиёни парокандаи сомониро дар атрофи худ гирд овард. Минбаъд лакаби «Мунтасир» – галабаоварро сохиб шуд. Сарлашкарони Абуиброхим Мунтасир Арслони Болу ба Бу­хоро тохта, дар як шабохун тарафдорони Эликхонро аз шахр ронд. Абуиброхим Мунтасир  ба Бухоро баргашт ва аз тарафи мардум хуш истикбол гардид. Эликхон аз пирузии Абуиброхим Мунтасир огохи ёфта дубора бо лашкараш озими Бухоро шуд.

Абуиброхим Мунтасир  ва Арслон сипохиёни худро аз Чайхун гузаронда ба тарафи Абевард ва сипас ба Нишопур акиб нишастанд. Султон Махмуди Газнави суи Нишопур харакат кард ва Абуиброхим Мунтасир ба Гургон назди Шамсулмаоли Кобус ибни Вушмгир паноханда шуд. Сипас Абуиброхим Мунтасир ба Рай рафт ва аз он чо дигарбора бозпас Нишопурро сохиб шуд. Ин бор Наср ибни Сабуктегин – барода­ри Махмуди Газнави бо ёрии бародараш Абуиброхим Мунтасирро шикаст дода то худуди Гургон ронд.

Пас аз харбхои пайдарпай дар наздикии Чохи Хуммоди биёбоии Омулшатт Абуиброхим Мунтасир гофилгир шуд ва дар халкаи мухосираи туркон афтода, бо хамрохонаш асир гашт ва ба Узганд фиристода шуд, вале дар манзилгохи Ибни Бухайчи араб ба биёбони Марв гурехт. Абуиброхим Мунтасир  рабеъулаввали (январ) 1005 аз тарафи Абуабдуллохи Мохруй, ки бундори Султон Махмуди Газнави буд, ба катл расид ва кушишу саъйи Абуиброхим Мунтасир барои баркаpop намудани хокимияти сулолаи Сомониён муваффакият пайдо накард. Абуиброхим Мунтасир ба илму адаб хам дилбастагии наздик дошта, шеърхои неку эчод кардааст, ки кисме то даврони мо расидаанд.

Адабиёт: Фрай Р. Н., Сомониён.// Таърихи Эрон аз зухури ислом то омадани давлати Салчукиён. Аз фурупошши давлати Сосониён то омадани Салчукиён, мутарчим Хасани Ануша. Тошкент, 1380; Ночи Мухаммадризо, Фарханг ва тамаддуни исломи дар каламрави Сомониён, Тошкент, 2007; Негматов Н., Государство Саманидов(Мовераннахр и Хорасан в IX – X веков), Душанбе, 1977.

Л. Бойматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.