Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУИБОДИ МУБАД

АБУИБОДИ МУБАД

АБУИБОДИ МУБАД Абуибод ибни Ваххоб (688, Мозандарон – 743, Мак­ка), хофиз, охангсоз ва машшоки фор­су точик. Аслан эрони буда, хангоми истилои арабхо ба Макка омадааст. Абуибоди Мубад санъати сарояндагиро аз падараш меомузад. У аввал бе хамовозии созхои мусики суруд мехонд. Дертар бо санъаткорони Хуросону Мовароуннахр ошнои пайдо карда, аз онхо пешаи ромишгариро омухт ва ашъо­ри арабиро бештар ба мизони охангу таронахои форси мехонд.

Дар сабки ичрои муътакид ба сабки эрониён буд ва худро нокили сабки бостони мешуморид. Дар ичрои достонхои хамоси низ истеъдоди баланд дошт. У ба шахрхои Андалусия (Испания), Багдод, Мадина ва Хичоз сафар карда, бо санъаткорони номии давраш Нашити Форси, Ибни Чомеи вомехурад ва махорати худро такмил медихад. Абуибоди Мубад яке аз асосгузорони мактаби мусикии Макка аст.

Адабиёт: Рачабов А., Суннат ва навовари дар тамаддуни мусикии замони Рудаки, Душанбе, 2008; Донишномаи Шашмаком, 2009.     А. Рачабов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.