АБУХАЙЁНИ ТАВХИДИ Али ибни Мухаммад ибни Аббоси Шерози (такрибан 923 – такрибан 1010), файдасуф, факех, адиб, мутасаввиф ва нахвии форсу точик. Кисми зиёди хаёташ дар Багдод гузашта, он чо нахвро аз Абусаиди Сайрафи ва Али ибни Исои Румони, фикхи шофеиро аз Абухомиди Марвази ва Абубакри Шофеи, фалсафаро аз Абусулаймони Мантики ва Яхё ибни Адо омухт.
Барои акоиди зиндикиаш аз Багдод ронда шуд. Вале охирхои умраш ба Багдод баргашта, хаёти худро бо бечорагиву кашшоки гузаронида, ба тарики эътироз аз замона китобхонаашро оташ задааст. Ёкути Хамави дар «Муъчам-ул- удабо» дар бораи Абухайёни Тавхиди зикр кардааст, ки у дар хамаи улуми замона – нахву лугат, шеъру адаб, фикху калом чирадаст буд, фалсафаю ирфонро хуб медонист ва дар балогат хамто надошт. Ибни Чавзи дар «Талбиси иблис» номи Абухайёни Тавхидиро дар катори Ибни Рованди ва Абулаълои Маарри ёдовар шудааст,
Абухайёни Тавхиди оид ба масъалахои мухталифи илми замонааш осори бисёре таълиф кардааст, ки мутаассифона кисми ночизи онхо то замони мо расидаанд. Номгуи мухтасари таълифоти Абухайёни Тавхиди, ки Ёкути Хамави дар асараш зикр кардааст, чунинанд: «Ал-мухозарот ва-л-мунозарот», «Ал-имтоъ ва-л- муонаса», «Ал-басоир ва з-захоир», «Такриз-ул-Чохиз», «Ас-садик ва-с- садокат», «Масолиб-ул-вазирайн», «Ишорат-ул-илохия», «Ал-мукобасот» ва гайра. Акидахои фалсафии Абухайёни Тавхиди танхо аз тадкику тахлили андешахои мутафаккирони пешину муосираш иборат набуда, балки чавоб ба саволхои шогирдону мусохибонаш оид ба масъалахои мухталифи фалсафи мебошанд.
Тахлили асархояш нишон медихад, ки у масъалахои нафс, такомули нафси инсони, дарки хакикат ва манфиати он, харакати чисм дар одами кавну фасод, навъхои гуногуни онро барраси кардааст. Хизмати дигари Абухайёни Тавхиди дар фалсафа гирд овардани акоиди мухталифи мутафаккирони муосираш мебошад, ки дар сухбату мачлисхо иброз доштаанд. Абухайёни Тавхиди дар масъалахои мантику нахв дар «Ал- басоир ва-з-захоир» ва «Ал-имтоъ ва-л-муонаса» фикрхои чолиб дорад. Абухайёни Тавхиди дар масъалахои фикху калом ва ахлок низ фикру андешахои худро дорад. И. Саидов.