Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУАЙЮБ СУЛАЙМОН

АБУАЙЮБ СУЛАЙМОН

АБУАЙЮБ СУЛАЙМОН ибни Абдулмалик халифаи умави аз хонадони Марвониён (хукмронии солхои 715 -717). Абуайюб Сулаймон сайъ мекард сиёсати хулафои каблро идома бидихад ва бо хамлаи катьи пойтахти Византия – Константинополро тасарруф намояд. Аммо хамлаи навбати хам натича надод, силохи аъроб ба тавассути лашкари византиягихо ва булгорхо шикаст дода шуд. Дар замони хукумати Абуайюб Сулаймон футухоти Испания, Эрон ва Осиёи Маркази идома меёфт.

Сипахсолори араб Ибни Кутайба тавонист мухимтарин вилоятхои Хуросон ва Мовароуннахр (Нишопур, Марв, Самарканд, Бухоро, Хучанд, Чоч ва гайра)-ро забт намояд. Дар ин солхо ислом дар Синд низ пахн шуда буд. Саъйи Абуайюб Сулаймон  барои ба танзим даровардани сиёсати молиётии хилофат чандон муассир набуд. Шуришхои зидди аъ­роб саросари хилофатро фаро гирифтанд.

Кутайба хост зидди халифа Абуайюб Сулаймон киём кунад, вале ба тавассути суикасд кушта шуд. Дар марказй хилофат низ харакатхои зидди халифа Абуайюб Сулаймон шид­дат ёфтанд. Таърихнигорони исломи аз шахсияти Абуайюб Сулаймон ба унвони халифаи золим ва худхохе ёд кардаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.