АБУАБДУЛЛОХИ МАЪСУМИ (соли таваллуд номаълум – вафот 1059, Исфахон), файласуф ва факехи форс-точик. Шогирди Ибни Сино. Илмхои за- монаашро дар зодгохаш аз худ карда, пас аз шиносои бо Ибни Сино донишу махораташро назди у такмил дод. Ибни Сино дар бораи Абуабдуллохи Маъсуми гуфтааст, ки у дар назди ман бад-он макомест, ки Арасту дар назди Афлотун буд. Абуабдуллохи Маъсуми дар илмхои табииёт, илохиёт ва фикх дониши амик ва харчониба дошт.
Пас аз вафоти Ибни Сино у дар Исфахон ба таълиму тарбия машгул шуда, шогирдхои бисёреро ба камол расондааст. Аксари мухаккикон муътакиданд, ки вакте Беруни ба Ибни Сино 18 савол фиристод, Шайхурраис чавоби он саволхоро ба ихтиёри Абуабдуллохи Маъсуми вогузоштааст. Абуабдуллохи Маъсуми масъалахои мухталифи хикмати назари ва амалиро тахкик карда, асархои бисёре таълиф намудааст. Бино ба маълумоти сарчашмахо, у рочеъ ба акл, нафс, маод ва афкори файласуфони пешин асархо эчод кардааст. Мутаассифона, хатто номи онхо то ба мо омада нарасидаанд. Ибни Сино «Рисолаи ишк»-ро дар чавоби саволхои у нигоштааст.
Адабиёт: Султонов У., Муосирони Абуали мбни Сино, Душанбе, 1980. У. Султонов.