Маълумоти охирин

АБРИ БАХОР

«АБРИ БАХОР», навъи санъати китобат ва усули оро додани сахифахои китоб. Дар зарфи махсус шилми дарахтро бо рангхои мухталиф ва ширеш омехта, бо ёрии муйкалам бо навбат (аз ранги баланд ба ранги паст) пош медоданд. Тавассути шонаи мах­сус хар гуна тасвирхо хосил намуда, болои онро бо когаз мепушонданд; баъди чанд дакика когазро охиста гирифта аз як гушааш дар чойи соя меовехтанд, то ки моеи руи когаз шорад ва он хушк шавад.

 Устохо аз хатхои качу килеб ва гулхои «Абри бахор» дар вакти тасвири хар гуна шаклхои хандаси, растанихо, хатто порчахои шеъри низ истифода кардаанд. Гулхои «Абри»бахор, одатан, ба якдигар шабех нестанд, лекин устохои мохир кодир буданд, ки як накшро якчанд маротиба бамавкеъ такрор кунанд. Ин навъи санъати китобат асрхои 16-17 дар Хирот хеле ривоч ёфта буд.

Дар Табрез, Казвин, Исфахон ва гайра дастхатхои бо санъа­ти «Абри бахор» ородода вомехуранд. Солхои охир барои аз нав эхё намудани ин санъати фаромушшуда кушишхо шуда истодааст.

Я. Шарипов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …