Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБДУСАМАДИ БАДАХШИ

АБДУСАМАДИ БАДАХШИ

АБДУСАМАДИ БАДАХШИ (соли таваллуд номаълум – вафот такрибан 1490, Кухистон), шоири форс-точик. Дар зодгохаш – Бадахшони Афгонистон ва Хирот тахсил кардааст. Хаттотиро низ омухт. Султон Абусаад солхои 50 асри 15 Бадахшонро забт карда, Абдусамади Бадахширо ба Хирот овард ва супориш дод, ки таърихи салтанатро дар китобе мураттабу танзим кунад. Дар тазкирахои «Мачолис-ун-нафоис»-и Алишери Навои, «Музаккир-ул-ах- боб»-и Хоча Хасани Нисори дар хусуси хунару махорати шоирии Абдусамади Бадахши сухан рафтааст. Нисори ашъори ошиконаи уро таърифу тавсиф карда­аст.

Намунахо аз нигоштахои Абдусамади Бадахши ба воситаи тазкирахову баёзхо то замони мо расидаанд. Ин байт аз уст:

Бар сарири дилбари маъшукро сад гуна ноз,

Ошики бечораро дар куи гам руи ниёз.

Абдусамади Бадахши бо Абдуррахмони Чоми ва Алишери Навои наздики дошт.

Адабиёт., Алишери Навои. Мачолис-ун-нафоис, Тошкент, 1961.

А. Афсахзод.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.