Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБДУСАМАДБЕКИ ХОФИЗ

АБДУСАМАДБЕКИ ХОФИЗ

АБДУСАМАДБЕКИ ХОФИЗ (1868, Бухоро – 1918, хамон чо), хофиз, мусикидон, хушнавис ва мусаввири точик (охири асри 19 – ибтидои асри 20). Абдусамадбеки Хофиз асосхои илми, назари ва амалии мусикиро аз Кори Каромати Дилкаши Танбури, Хомидхочаи Савти ва тарзу услуби ичрои сурудхои халкиро аз Устод Тула, Устод Эргаш ва дастаи созандагону маврихонон омухтааст. У махсусан дар ичрои кисматхои созиву овозии «Шашмаком» махорати том зохир намудааст.

Кисмхои мураккаби «Савт», «Намуд», «Талкин» ва «Тарона»-хоро ба сабки тоза ичро мекард, ки ба ин муносибат ахли мусики уро «Абдуссамадбеки Савти» ном ниходаанд Абдусамадбеки Хофиз аз «Шашмаком» «Мугулчаи Дугох», «Дугох», «Баёт», «Савти Сарвиноз», «Уфари Ороми чон», «Ироки Бухоро», «Сакили Султон» ва шуъбаи мураккаби созиву овозии «Бузург»-ро нихоят мохирона ичро мекардааст. Сарояндагони машхури точик (махсусан Домулло Халим, Шоди Азизов, Бобокул Файзуллоев, Шохназар Сохибов) аз саб¬ки у истифода кардаанд.
Адабиёт: Баёзи Шашмаком, Душанбе, 2008; Донишномаи Шашмаком, Душанбе, 2009.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.