АБДУЧАББОР ибни Абдуррахмон (соли таваллуд номаълум – вафот 761, Багдод), воли ва омили Хуросон (757 – 759),| рохбари бонуфузи шуришчиёни зид- ди хилофат, дусти вафодори Абумуслими Хуросони ва ёрдамчии Муканнаъ. Пас аз марги Абумуслим (замони шуриши Устоз Сияс), Абдучаббор Муканнаъро ёрдамчии худ интихоб кард. Аз халифа Мансур ислохи сиёсати молиётии хукуматро дар Хуросон дархост намуд.
Вакте ки натичае хосил нашуд, худи Абдучаббор алайхи хилофати Аббосиён бо парчами сафед киём кард, пас аз он амалан мустакил гашт. Дар ин шуришхо Абдучаббор ва Муканнаъ хамдаст буданд. Дар кутохтарин замон киёми Абдучаббор густариш ёфт. Халифа Мансур аввалин писараш Махдиро бо лашкари бисёре ба Хуросон равона кард ва дертар худаш расида омад. Шуриш берахмона саркуб шуд.
Абдучаббор аз Хуросон фирор кард, вале уро дастгир намуда, назди халифа Мансур фиристоданд. Абдучабборро бо фармони халифа бо гурухе аз тарафдоронаш ба дор кашиданд, хонаводаашро ба Яман бадарга намуданд. Киёми Абдучаббор, бешубха, яке аз бахшхои мухими силсилаи нахзатхои озодихохии мардуми Хуросон алайхи аъроб ва хилофат мебошад. Баъзе аз муаллифон навиштаанд, ки Абдучаббор коидаву конунхои сафедчомагонро эътироф мекардааст. Нигаред низ Муканнаъ.