Маълумоти охирин

Мазхаб

МАЗХАБ (араби- рох, равиш), шуъба ё шохаи фикхи суннии мусулмони мебошад. Дар адабиёти динии асрхои миёна рочеъ ба мазхаб, фирка ва хатто чараёнхои исломи фикри собиту маъмуле вучуд надорад. Муаррихони дин чи кабл аз Мухаммади Шахристони ва чи баъд аз у мазхаб ва фиркахои исломиро ба хам омехтаанд ва гох мазхабро фирка ва фиркаро мазхаб номидаанд. Бино ба маълумоти муътамади асархои дар боби таърихи дин таълиф шуда (аз кабили «Алхисам»-и Ибни Хазм, «Фарк байн-ул-фирак»-и Абдулкодири Багдоди, «Аттабсир фид-дин»-и Абулмузаффари Исфароини) дар байни мусулмонони сунни бо чахор мазхаб — ханифия, моликия, шофеия ва хамбалия маъмул будааст.

Харитаи Мазхаб

Асосгузорони мазхабхо Абуханифа (700—767), Молик Ибни Анос (715—795), Шофеи (767—820) ва Ибни Хандал (780—855) мебошанд. Баъзе маъхазхои ба тахкики таърихи дин бахшидашуда равияи сунниро мазхаби «ахли сунна ва чамоа» номидаанд. Мафхуми мазхаб дар равияи «Шиа» истифода намешавад.  Ниг. низ Ислом. 3. Бобохонова.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …