Маълумоти охирин

Ленфилм

Нишонаи Ленфилм«ЛЕНФИЛЬМ»  –  Киностудияи ордени лениндори Ленинград, яке аз калонтарин киностудияхои Иттифоки Совети. Соли 1918 дар Петроград ташкил ёфтааст. Дар ибтидо бо номхои зерин машхур буд: «Киноотдели округи Петроград» (1921), «Севзапкино» (1922—25), «Ленинградкино» (1925—26), «Совкино», «Союзкино», «Росфильм» ва «Союзфильм» (1926—34); аз соли 1934 «Кино-комбинати Ленинград», аз соли 1936 «Ленфилм».

Фильмхои беовози «Ленфилм»— «Майдони машки харби», «Шикастапораи империя» (1929) ва г. Фильмхои овоздори «Ленфилм»— «Чапаев» (1934), асари сегона дар бораи Максим («Чавонии Максим», «Бозгашти Максим», «Махаллаи Выборг», 1935—39), «Хафт тани часур» (1936), «Депутати Балтика» (1937), «Пётри Якум» (серияхои 1—2, 1937—39), «Одами милтикдор» (1938), «Муаллим» (1939), «Узви хукумат» (1940), «Мусоргский» (1950), «Оилаи бузург» (1954), «Дон Кихот» (1967), «Гамлет» (1964), «Аз оташ халоси нест» (1968), «Шох Лир» (1971), «Мукофот» (1974), «Рузхои охири зимистон» (1974), «Мухосира» (серияхои 1—2, 1976), «Ситораи бахт» (1976), «Ёздах умед» (1976). Фильмхои «Чапаев», «Депутата Балтика», «Пётри Якум» (серияхои 1—2), «Одами милтикдор», «Оилаи бузург», «Мукофот» ба забони точики дубляж гардидааст.

Бинои Ленфилм
Сурати бинои “Ленфилм”

Режсиссёрони студияи «Ленфилм» Г. Н. ва С. Д. Васильевхо, С. А. Герасимов, А. Г. Зархи, А. Г. Иванов, В. М. Петров, Л. 3. Трауберг, И. Е. Хейфиц, Ф. Эрмлер, С. И. Юткевич ва дигарон барои инкишофи санъати кинои совети хиссаи калон гузоштаанд.

 Чоизахо: «Ленфилм» бо ордени Ленин (1935) ва Байраки Сурхи Мехнат (1976) мукофотонида шудааст.

Сурога: 197101, г. Санкт-петербург, пр. каменноостровский, 10.

Сомона: http://www.lenfilm.ru
Намунаи видеофилмхои Ленфилм

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …