МАО ДУН – номи аслиаш Шэн Янбин мебошад. Соли 1896 дар Чинчжэг таваллуд шуда, дар музофоти Чжэцзяв соли 1980 вафот кардааст. Мао Дун тахалуси ин шах аст ва у нависанда ва ходими чамъиятии Хитой аст. То соли 1927 хамчун публицист, адабиётшинос, мунаккид ва тарчумон баромад карда, хонандагони хитоиро бо адабиёти Аврупои Гарби ва рус шинос менамуд. Аввалин таълифоти бадеии Мао Дун асари сегонаи «Хусуф» (1927 —28) мебошад, ки аз повесткой «Дилсардихо», «Дудплагнхо» ва «Чустучухо» иборат аст. Солхои 1929—30 дар Япония мухочир буд. Баъди бозгашт (1930) яке аз аъзоёни фаъолн Лигаи нависаидагони чапи хитои шуд. Дар «Трилогпяи дехот» (1932—34) ки аз се хикояи калон иборат аст, дар шароити бухрони иктисоди ба мубориза бархестани дехконон тасвири бадеи ёфтааст.
Мавзуи повести «Дукони Лин» (1932) нуфлис шудани майдасавдогархост. Романи «Пеш аз субх» (1933) аввалин намунаи хамосаи ичтимоии адабиёти навтарини Хитой аст; дар он Мао Дун вазъияти буржуазияи милли ва муборизаи оммавии коргаронро тасвир кардааст. Солхои чанг бо Япония (1937— 45) Мао Дун адибонро ба химояти ватан ва ватандусти даъват мекард; мухаррири мачаллаи «Вэнбн чженьди» буд; ба адабиёти бадеии хуччати эътибори калон медод: «Киссаи давраи якум» (1939)—дар бораи мудофиаи семохаи Шанхай. «Баъди торумор» (1942) ва г. Соли 1941 Мао Дун романи «Таназзул» (дар бораи зане, ки ба хизмати полицияи махфии чанкайшихо чалб шудааст), 1942 романи «Баргхои шабнамнишаста, чун гулхои бахор apгyвони метобанд» (дар бораи такдири музофоти Хитой дар арафаи револютсияи 1911—13), 1945 драмаи «Дар рузхои ёдбуд»-ро (ба пешомадхои мубориза барои тачаддуди мамлакат бахшида шудааст) таълиф намуд.
Баъди чанг Мао Дун дар харакати демократи иштирок карда, ба тарчума машгул гардид, ба таълифи романи «Обутобёби» (1948, нотамом мондааст), камар баст. Солхои 1946—47 ба СССР сафар кард ва китобхои «Он чи дар СССР кадам ва шунавам» (1948) ва «Сухбатхо оид ба Иттифоки Совети»-ро (1949) навишт. Солхои 1949—64 Мао Дун чонишини раиси Ассоциацияи умумихитоии кормандони адабиёт ва санъат, раиси Иттифоки нависандагон ва вазири мадавияти Хитой буд; бо адабиётшиноси ва публицистика шугл варзида, китобхои «Кайдхои шабонгохи. Мулохизахо оид ба реализми социалисти» (1958), «Рухбаланди» (1959), «Дар бораи таърих ва драмахои таърихи»-ро (1962) ба табъ расондааст. Соли 1958 ба Точикистон сафар карда, дар чашни 1100-солагии сардафтари адабиёти классикии точик Абуабдулло Рудаки китоби тарчумаи хитоии ин шоири бузургро хадя ва дар манллеп тантанадор суханрони намуд.