Манто Саодат Хасан (11- 5. 1912, Сумбрала, наздики Амритсар — 18.1.1955, Лoхyp) нависаидаи покистони. Ба забони урду менавишт. Фаъолияти адабиаш бо тарчумаи драмаи О. Уайлд «Бовари ё Нигилистхо» огоз ёфтааст. Ин асар, ки ба революционерони рус бахшида шуда буд, бо майлу рагбати ба гояхои миллию озодихохи доштаи Манто мувофик афтод Манто тарчумон ва мураттиби манн « Хикояхои русист. Дар бораи чанде аз нависандагони русу совети, аз чумла, М. Горкий маколахо таълиф кардааст. Дар бисёр хикояхои Манто таъсири натурализм хис карда шавад хам, бедтарини онхо бо услуби реалисти таълиф ёфтаанд.
Аз асархои Манто хусусан мачмуаи хикояхои «Гушти яхни» (1950), «Дар паси парда» (1953), «Дар боло, дар поён ва дар миёна» (1954), «Духтарони гунахкор, падарони гунахкор» (1955) чолиби диккатанд. Кахрамони бисёр хикояхои Манто хунармандон, коргарон ва умуман мехнаткашони шахранд. Манто кашшоки ва бехукукии мардуми мехнатиро нишон дода, вокеияти капиталистиро таккид кардааст. Тамоюли хачви дар эчодиёти Манто пуркувват аст. Санаи 18-ми январи соли 1955 Манто дар Лoхyp вафот кардааст.