Маълумоти охирин
Главная / Илм / Таърихи Нидерланд

Таърихи Нидерланд

Нидерланди таърихи (нем. Niderlanchen, франсави Раys-Bas, голланди Naderland — айнан му­зофотхои поён), дар асрхои миёна вилояте буд дар Шимолу Гарби Европа, байни бахри Шимоли ва куххои Арденн, дар хавзаи дарёхои Рейн, Маас ва Шелда (худуди хозираи Белгия, Нидерланд, Люксембург ва кисми хурди Шимолу Шарки Франсия). То асрхои 14—15 мулкхои феодалии аз чихати сиёси парокандае буда, аксари онхо дар асрхои 14—15 тобеи давлати Бургундия гардиданд, дар охири асри 15 бошад, зердасти Габсбургхо шуданд. Соли 1548 хамаи мулкхои Нидерланд, ки ба окру­ги Бургундии «Империяи Рими мукаддас» дохил буданд, дар хайати 17 музофот сарзамини ягона эълон гардиданд. Нидерландро волии Габсбургхо бо ёрии Совети давлати идора менамуд. Органи оли Штатхои генерали хисоб мешуданд. Аксари органхои марказии идора дар Брюссел гирд омада буданд.

Нидерланд ба яке аз мухимтарин марказхои Маданият ва илми Европаи Fapби табдил ёфт. Нидерланд зодгохи бисёр файласуфхои бузурги асрхои миёна,

ватаии сарвари гуманизми давраи Эхё Эразми Роттердами буд. Дар Нидерланд ба забонхои франсави ва нидерланди адабиёти бое буд; мактабхои нидерландии санъатхои меъмори тасвирию мусики ташаккул ёфтанд ва берун аз худудхои Нидерланд шухрат пайдо кардаанд. Агарчи дар Нидерланд чудоии сиёсии музофотхо вучуд дошта, миллат ва забони ягонае ташаккул наёфта буд, вале маданияти онро (то асри 16) одатан хамчун мадани­яти ягона ба калам медиханд.

Нидерланд баъди инкирози «Империяи Рими мукаддас», аз соли 1556 ба шохи Испания Филиппи II тобеъ шуд. Инкишофи бармахали муносибатхои капиталисти, зулми иктисоди, сиёси ва динии мутлакияти Испания Нидерландро ба маркази револютсия буржуази табдил дод (ниг. Револютсияи буржуазии асри 16 дар Нидерланд). Баъди револю­тсия, ки он танхо дар шимоли мамла­кат галаба кард, Нидерланд ба ду хисса таксим шуд: дар Шимол давлати мустакил — Республикаи музофотхои муттахидан Нидерланд (Республикаи Голландия) ташкил ёфт; кисми чануби мамлакат, ки зери юги Испания монда буд, Нидерланди испани ном гирифт ва баъди чанги солхои 1701—1714 ба Австрия хамрох карда шуд. Солхои 1814—1815 мувофики карордоди Конгресси Вена хар ду кисми Нидерланди собик ба подшохии Нидерланд муттахид карда шуда, музофотхои чапи он зери итоати Голландия монданд. Дар натичаи Револютсия Белгия (1830) дар Нидерландияи Чануби давлати мустакил— Белгия ташкил ёфт. Номи «Подшохии Нидерланд» танхо ба Нидерланди Ши­моли мансуб шуда монд. Ниг. Ни­дерланд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …