Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТРАПЕЦИЯ

ТРАПЕЦИЯ

trapeciya

ТРАПЕЦИЯ (аз юнони (trapzion — чоркунчаи тарафхояш нобаробар), чоркунчаи барчастаеро гуянд, ки ду тарафаш хам паралел буда, ду тарафи дигараш параллел нест (нигаред расм). Тарафхои параллелро асосхо ва тарафхои нооараллелро пахлухои трапесия меноманд. Трапесияе, ки дар он тарафхои пахлуи ба хам баробаранд, трапесияи баробарпахлу ном дорад. Диагоналхои трапесияи баробарпахлу ба хам баробаранд. Трапесияи баробарпахлу тири симметри дорад. Трапесияро, ки як тарафи пахлуи ба асос перпендикуляр аст, трапесияи росткунча меноманд. Масофаи байни асосхо баландии трапесия номида мешавад. Порчае, ки миёнаи тарафхои пахлуии трапесияро ба хам мепайвандад, хати миёнаи трапесия ном дорад. Хати миёнаи трапеция ба асосхо параллел буда, ба нисфи хосили чамъи онхо баробар аст.
Масохати трапесия ба хосили зарби хати миёна бар баланди ва ё ба нисфи хосили зарби диагоналхо бар синуси кунчи байни онхо баробар мебошад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …