Маълумоти охирин

ТЕША

tesha

ТЕША, олати дуредгарист, ки бо вай чуб метарошанд. Хануз аз ибтидои асрхои миёна дар байни халкхои Осиёи Миёна, аз чумла то чикон хамчун олати рузгор маъмул буд. Тешаро аз пулод ё охан ва дастаи онро аз чуби сахт месозанд. Хелхон гуногуни Теша (пойтеша, устотеша, тешаи кошуктароши, тешаи шонатароши, тешаи табактароши ва гайра) мавчуданд. Пойтеша (дарозии дастааш такрибан 1—1,5 м, диаметраш 4—6 см, дарозиаш 20—23 см, пахноии дамаш 10—12 см ва диаметри загутааш 4—6 см) аз Тешахои дигар фарк мекунад. Бо пойтеша чуби иморатро чортарош мекунанд. Устотеша (андозааш 10—12 см, пахноии дамаш 6—8 см ва диаметри загутааш 3—4 см, дарозии дастааш 35—40 см) аз пойтеша хурдтар аст. Тешаи шонатароши ва кошуктароши нисбатан хурд аст. Дар Каротегину Дарвоз Тешаи новак (новача) ё Тешаи карки ва Теша чапновак (Тешаи новачааш чаппа) вучуд дошт, ки барои коркарди чуб, сурох намудани кисми дохилии баъзе маснуоти чуби (аз чумла, болиштакхои чуби, утурчаю табакхои чуби ва гайра) хизмат мекард. Ин Тешахо шакли новаро дошта, кисми болоиашонро, ки фарохтар аст, ба дарун кат карда, ба даста мустахкам менамуданд. Нуги Тешаи новак ба дарун, яъне ба самти даста ва Тешаи чапновак ба берун (дар шакли новаи байзашакл) каме хам сохта мешуданд. Бо мухраи Теша аксар вакт мех мекубанд. Тешаро дар гузашта устохои махалли месохтанд; холо Тешахоро дар корхонахои саноати истехсол мекунанд.
Адабиёт: Таджики Каратегина и Дарваза, в. 1, Душанбе. 1966.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.