Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЗАНИИ САМАРКАНДИ

СУЗАНИИ САМАРКАНДИ

СУЗАНИИ САМАРКАНДИ Хаким Шамсуддин Мухаммад ибни Масъуд (байни солхои 1091 —93, Насаф, хозира Карши —1173, Самарканд), шоири форс-точик. Дар чавони аз зодгохаш барои тахсил ба Бухоро рафт. Баробари касби улум бо доирахои хунармаидии шахр низ робита пайдо карда, пешаи сузангариро омухт. Ба шеъргуй хангоми тахсили мадраса щуруъ кардааст, вале аз ашъори дар ин давра эчодкардаш у дар девонаш осоре нест. Ба умеди шухрат дар сухансарои ба маркази адабии он давр— Самарканд рахсипор гардид. Вай бо баъзе амалдорони Девони давлати робита пайдо карда, онхоро дар касидахояш васф намудааст. Баъди ба дасти султон Санчар (хукмрони 1116—57) гузаштани ихтиёри хукумати карохонии Самарканд (соли 1130) Сузании Самарканди бо кумаки мамдухон ва дустони мансабдори худ девондори давлати таъин, вале бо тухмати хасудон аз ин вазифа маъзул гардид.
Аз Сузании Самаркандидевони ашъор боки мондааст, ки нусхаи комили он дар китобхонаи Калкатта (Хиндустон) махфуз буда, кариб 12 хазор байтро дар бар мегирад. Якчанд нусхаи нисбатан хурдтари девони шоир дар китобхонахои СССР ва Эрон махфузанд. Девони комилиСузании Самарканди дар Эрон солхои 1960 ва 1966 ба табърасидааст. Ашьори девони Сузании Самарканди дар навъхои маъмули назми давраи у— касида, китъа, газал, рубои, мусаммат ва гайра навишта шудаанд, вале онхо ба мундарича ва мазмуни худ аз ашъори шонрони дигар фарк мекунанд. Дар ин девон ашъори хачвию мутоибави мавкеи калон дорад. Дар эчодиёти Сузании Самарканди тамоюли хачвию мутоибавии адабиёти шахр дар се навъ шеър — хачви шахси, газали мутоибави ва накиза (пародия) инкишоф ёфтааст. Сузании Самарканди, ки эчодиёташ асосан берун аз дарбор чараён гирифта, бештар бо мухити шахр ва табакахои мехнати алокаманд буд, дар хачву мутоиботи зохиран «кабех»-и худ маданияти хандаву истехзои халк, хушхоливу зиндадилии мардумро ифода намудааст. Бештари хачвиёти Сузании Самаркандибо санъаткорон ва махорати баланди адаби навишта шудаанд. Дар онхо Сузании Самарканди устоди хачв будани худро собит кардааст. Кисмати муайяни ашъори Сузании Самаркандиро ашъори хунарманди ташкил карда, дар онхо тасвири лахзахои мехнат ва хаёти хосаи ахли пешаву хунар мушохида мешавад. Сузании Самаркандимафкураву чахонбинии табакаи хунармандонро низ ифода намудааст. Дар шеърхоихуд хукуматдоронро пайваста ба адлу инсоф ва тараххум нисбат ба омма ташвик намуда, ба мукобили баъзе золимони халк киём кардани у аз мафкураи гуманисти ва зиддиистибдодии табакаи хунармандон сар задааст.
Адабиёт: Саъдиев С., Сузани ва мухити адабии Самарканди асри XII, Душанбе, 1974.
С. Саъдиев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.