Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ШУРОИ ВАЗИРОНИ РСС ТОЧИКИСТОН

ШУРОИ ВАЗИРОНИ РСС ТОЧИКИСТОН

СОВЕТИ ВАЗИРОНИ РСС  ТОЧИКИСТОН, орпгани олии ичроия ва амрдихандаи хокимияти давлатии РСС Точикистон Советро Совети Олии РСС Точикистон дар хайати Раиси Совет, чонишини якум ва чонишинони Раис, вазирони РСС Точикистон, раисони комитетхои даелатии РСС ташкил медихад. Бо пешниходи Раиси Совет Совети Олии РСС Точикистон рохбарони органу ташкилотхои дигари РСС Точикистонро ба хайати Хукумати РСС Точикистон дохил карда метавонад. Совет дар назди Совети Олии РСС Точикистон, дар давраи байни сессияхои он дар пазди Президиуми Совети Олии РСС Точикистон масъул ва хисоботдиханда мебошад.

Совет дар доираи ваколати худ ба хочагии халк ва сохтмони сотсиалию мадани рохбари мекунад; барои баланд шудани дарачаи некуахволи ва маданияти халк, инкишофи илму техника, мухофизати захирахои табиат ва истифодаи окилонаи онхо тадбирхо муайян менамояд ва ба амал мебарорад; барои амали гардонидани тадбирхои мустахкам кардани системаи пулу кредит, ташкили сугуртаи давлати ва системаи ягонаи бахисобгири ва статистика мусоидат мекунад; дар кори ба амал гузаронидани сиёсати ягонаи нархи, музди мехнат, таъминоти ичтимои иштирок мекунад; идора кардани корхона ва иттиходияхои саноат, сохтмон, хочагии кишлок, корхонахои наклиёту алока, инчунин дигар ташкилоту муассисахои тобеи республикаро ташкил мекунад; планхои давлатии чори ва перспективии тараккиёти иктисодию сотсиалии РСС Точикистон, бючети давлатии РСС Точикистонро тартиб медихад ва ба Совети Олия РСС Точ. пешниход мекунад; барои ба амал баровардани планхо ва бючети давлати, барои тараккиёти комплексии вилоятхо, районхо ва шахрхои тобеи республика чорахо мебинад; фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотхои тобеи иттифокиро доир ба масъалахое, ки ба ихтиёри РСС Точикистон дода шудаанд, ба хам мутобик менамояд ва ба кори онхо назорат мекунад; аз ичрои планхо ва ичрои бючет ба Совети Олии РСС Точикистон хисобот медихад; барои химояи манфиатхои давлат, мухофизати моликияти сотсиалисти ва тартиботи чамъияти, барои таъмину мухофизати хукуку озодихои гражданинхо тадбирхо меандешад; дар доирае, ки Конститутсияи СССР мукаррар кардааст, барои таъмини бехатарии давлат ва кобилияти мудофиавии мамлакат чорахо мебинад; дар асосии тартибе, ки Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти дар муносибатхои байни республикахои иттифоки ва давлатхои хоричи мукаррар кардааст, дар сохаи муносиоатхои РСС Точикистон бо давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналхалки рохбари мекунад; дар мавриди зарурат дар назди Совет оид ба корхои сохтмони хочаги ичтимоию мадани комитетхо, саруправленияхо ва дигар идорахо ташкил мекунад.

Совет дар асоси актхои конунгуаории СССР ва РСС Точикистон, амру карорхои Совети Ваэирони СССР ва бо максади ичрои онхо амру карорхо мебарорад, ичрои овхоро ташкилу тафтиш мекунад. Ичрои амру карорхои Совет дар тамоми территорияи РСС Точикистон хатмист. Совет дар доираи хукукхои (компетенсияи) худ амру карорхои комитетхои ичроияи Советхои вилоятии депутатхои халки, комитетхои ичроияи Совети депутатхои халкии ВАБК ва комитетхои ичроияи Советхои райони ва шахрии депутатхои халкии районхо ва шахрхои тобеи республика ва актхои вазорату комететхои давлатии РСС Точикистон ва дигар органхои тобеи худро бекор карда метавонад. Компетенсияп Совет ва Президиуми он, тартибу фаъолияту муносибати онхо, муносибатхои Совет бо дигар органхои давлати, инчунин номгуи вазоратхои иттифокию республикави ва республикави ва гайра, комитетхон давлатии РСС Точикистон дар асоси Конститутсия бо Конун дар бораи Совет муайян карда мешавад. Аз ноябри 1924 вазифаи хукумати Греспубяякаро Комитетя революцио- нии РАСС Точикистон ичро мекард. Раисони Советя Комиссарони Хал- кил РСС Точ.: Мухиддинов Абдукодир (аз декабри 1926 то сенттбри 1928), Хочибоев Абдурахим (аз сентябри 1928 то декабри 1933), Рахимбоев Абдулло (аз декабри 1933 то август 1937), Курбонов Махмадали (ав июли 1938 то август 1946). Раисони Совети Вазирони РСС Точикистон: Расулов Чаббор (аз август 1946 то марти 1955), Улчабоев Турсунбой (аа мартя 1955 то маи 1956), Додхудоев Назаршо (аз маи 1956 то июли 1961), Каххоров Абдулахад (аз апрели 1961 то шоли 1973), Набиев Рахмон (аз июли 1973 то апрели 1982), Махкамов Каххор (аз апрели 1982 то декабри 1965), Хаёев Изаатулло (аз январи 1986).

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …