Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СУЛХИ БРЕСТ (1918)

СУЛХИ БРЕСТ (1918)

СУЛХИ БРЕСТ (1918), сулхномаест, ки Россияи Совети ва Германия, Австрия-Бенгрия, Туркия, Булгория 3. 3. 1918 дар Брест — Литовск имзо кардаанд. Онро 15. 3. 1918 Съезди 4-уми Фавкулодаи Умумироссиягии Совети ва 26. 3. 1918 императори Германия Вилгелми II тасдик карданд. Мувофики Сулхи Брест Полша, Наздибалтика, кисмхои чудогонаи Белоруссия ва Закавказия ба ихтиёри Германия гузаштанд. 27. 8. 1918 дар Берлин байни Россияю Германия созишномаи молиявие имзо шуд, ки мувофики он Россия мебоист 6 млрд марка товони чанг (коитрибуция) дихад. Баъди дар Германия сарнагун шудани хокимияти кайзер Вилгелми II Хукумати Совети шартномаи Брестро бекор кард (13. 11. 1918).
sulhi-brest

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …